Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

 

Факултет: «Муҳандисӣ-иқтисодӣ»

                              Кафедра: «Молия ва қарз»

«Тасдиқ мекунам»

Мудири кафедра

                                                                   Бобоев М.У.

«___»_________2013 сол

Кори курсӣ

Аз фанни «Менеҷменти молия»

Дар мавзӯи: Таҳлил ва идоракунии захираҳои     молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

 

Иҷрокунанда: Бобоева Нилуфар Умаровна /_______ /

       Курси 3 гурӯҳи  25.01.04 тб

   Роҳбар:    Бобоев Мирзоҳаёт Усмонович       /_______ /

 

Натиҷаи ҳимоя

№ кӯшиш

Баҳо

Сана

Имзо

Кӯшиши 1

     

Кӯшиши 2

     

Кӯшиши3

     

 

 

 

Хуҷанд – 2013

МУНДАРИҶА

саҳ:

МУҚАДДИМА…………………………………………………………………

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»

    1.  Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти           молиявии корхона…………………………………………………………
    2. Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
    3. Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
    4. Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
    5. Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
    6. Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
    7. Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА

2.1 Сармояи софи гардон  ва талаботҳои молиявии ҷорӣ  ………………                         

2.2 Идоракунии воситаҳои  пулӣ…………………………………………….

2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....

2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии  захираҳои молиявии корхона……...               

ХУЛОСА………………………………………………………………………....

РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….

ЗАМИМА...............................................................................................................

 

 

 

 

 

 

 

 

МУҚАДДИМА

Дар шароити иқтисодии бозоргонӣ сатҳи фаъолияти корхонаҳо дар бисёри мавридҳо аз идоракунии захираҳои молиявии корхона вобастагии калон дошта, раванди фаъолияти ҳисоботии корхонаҳо бо усулҳои гуногуни молиявӣ мунтазам таҳлил карда мешавад. Ин муносибат барои беҳтар гардонидани фаъолияти корхона истифода бурда шуда, боиси қабули қарорҳо барои рушди корбарии он ва фаъолияти минбаъдаи он мегардад.

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Моҳияти иҷрои кори курсии мазкур, гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии корхона ва дар асоси натиҷаҳои таҳлил пешгӯӣ намудани фаъолияти минбаъда ва интихоби варианти оптималӣ барои ба даст овардани фоида дар асоси ҳисоботҳои объекти интихобкардашуда мебошад. Ҳамчунин натиҷаҳои таҳлил имконият медиҳад, ки дар асоси он қарорҳои молиявӣ қабул карда шаванд.

Мақсади иҷрои ин кор мустаҳкам намудани донишу малакаҳое, ки дар раванди омӯзиши фанни менеҷменти молия омӯхтем, ба ҳисоб рафта, усулҳои заруриро дар фаъолияти мутахассисии ояндаи худ истифода

 

         

Кори курсӣ дар мавзӯи «Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ «Ромашка»

         

Изм

Вара

№ ҳуҷҷат

Имзо

Сана

Иҷрокун.

Бобоева Н.У

   

Муқаддима

Варақ

Варақҳо

Қабулку.

Бобоев М.У.

   

1

2

Роҳба

Бобоев М.У.

   

 Бахши 3, гурӯҳи 25.01.04 тб, ДПДТТ

Нконтр.

Бобоев М.У.

   

Тасдиқ

Бобоев М.У.

   

 

бурда тавонистан аст.

Кори курсии мазкур аз муқаддима, ду боб, хулоса, рӯйхати адабиётҳо ва замамаҳо иборат мебошад, ки ҳар як бобҳо аз зерқисматҳо иборат буда мавзӯъҳои алоҳида ва вобастаро дар бар мегирад.

Боби якум аз ҳафт зербоб иборат буда, дар он таҳлил ва ҳисобу китоби

ҳисоботҳо, ба монанди маълумот доир ба ҳисоботи молиявӣ, таҳлили

ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ, ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои даромаднокӣ, бозоргирӣ ва гиргардиш, ҳисоби самараи фишанги молиявӣ, самараи фишанги амлиётӣ  ҷой дорад.

Боби дуюм бошад,  чаҳор зербобро ташкил дода, мавзӯъҳои сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ, идоракунии воситаҳои пулӣ, идоракунии қарздории дебиторӣ ва таҳлили он, идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхонаро дар бар мегирад.

Ҳамаи ин мавзӯъҳои номбаргардида дар асоси ҳолати молиявии ҶДММ «Ромашка» дида баромада мешавад, ки ҳамчун обьекти таҳлил интихоб карда шудааст. Ҳисоботҳое, ки дар асоси он нишондиҳандаҳои гуногуни молиявӣ бо рақамҳои амиқ таҳлил ва ҳисоб карда, баҳо дода мешаванд, дар охири кори зерин замима карда шудаанд.

Дар рӯйхати адабиётҳо, номгӯи адабиётҳои истифодашуда оварда шудаанд, ки такя бар онҳо кори курсӣ навишта шудааст. Он мафҳумҳо ва қисми назарияҳое, ки аз адабиётҳо гирифта шудаанд, дар охири ҳар як сатр бо рақамҳои тартибии дар рӯйхати адабиётҳо навишта шуда бо рақами саҳифаҳои онҳо ишора карда шудааст.

 

 

 

 

 

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»

1.1 Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона

Маҷмӯи муносибатҳои иқтисодие, ки дар он гардиши воситаҳои пулӣ ҳангоми таъсисёбӣ, тақсимот ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ба миён меояд, молия номида мешавад.

Ҳисоботи молиявӣ – ин маҷмӯи шаклҳои ҳисоботе мебошад, ки дар асоси маълумотҳои баҳисобгирии молиявӣ, бо мақсади пешниҳоди ахборот барои истифодабарандагон оиди ҳолати молиявӣ ва фаъолияти корхона ва ҳамчунин доир ба тағйирёбии вазъи молиявии он дар давраи ҳисоботӣ ба намуди қулай ва аён, барои қабули қарорҳои молиявӣ ва ҳам иқтисодӣ тартиб дода мешавад.

Ҳисоботи молиявӣ бо худ маънои тасвири сохтори ҳолати молиявӣ ва маълумот доир ба натиҷаҳои молиявии корхонаро дорад. /2, саҳ.16/

Мақсади асосии ташкили ҳисоботи моливӣ пешкаши ахборот доир ба ҳолати молиявӣ, натиҷаҳои молиявӣ ва ҳаракати воситаҳои пулии корхона мебошад, ки барои истифодабарандагон  барои қабули қарорҳо муҳим аст. Инчунин, ҳисоботи молиявӣ натиҷаҳои идоракунии захираҳоро инъикос менамояд.

Маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ, чун сарчашмаи асосӣ барои таҳлили ҳолати молиявии корхона пурра истифода бурда мешавад. Маълумотҳои ҳисоботи мазкур, ҳамчунин, барои назорати мақомотҳои идоракунии дохилӣ ва ҳам берунӣ  чун манбаи асосӣ ба ҳисоб меравад. /4, саҳ.21/

Мувофиқи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), ки

 аз тарафи Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 5 марти соли 2004 қабул гардид, ҳуҷҷати асосӣ барои тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ IAS 1 «Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ» ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии стандарти IAS 1 ин ба миён гузоштани талаботҳои умумӣ ба ҳисоботи молиявии корхона ва ҳам дигар корхонаҳо, ки қиёспазирии давраҳои ҳисоботии пешинаро таъмин менамояд , ба шумор меравад.

Байни ҳисоботҳои гуногуне, ки корхона тартиб медиҳад, ҳисоботи солона муҳимтарин ҳисобот ба шумор меравад, ки бештар барои саҳмдорон ва истифодабарандагон, ичунин барои қабули қарорҳо тартиб дода мешавад, ки дар он ду шакли маълумот ҷой дорад:

  1. Қисми якуми ҳисоботи солона аз ҳисоботи шифоҳӣ иборат буда, бештар ҳамчун мактуби роҳбар  пешниҳод карда мешавад, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ширкат барои соли гузашта ва қабули қарорҳо доир ба рушди ояндаи фаъолияти корхона оварда мешавад.
  2. Қисми дуюми ҳисоботи солона панҷ ҳуҷҷатҳои асосии молиявиро дар бар мегирад, инҳо:
  • ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ (тавозун);
  • ҳисобот оиди фоида ва зарар;
  • ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ;
  • ҳисобот оиди дигаргуншавии сармояи худӣ;
  • тавзеҳот.

Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ дар якҷоягӣ оиди амалиётҳои корхона ва ҳолати молиявии он ахбороти мушаххас медиҳанд. /3, саҳ.66/

Ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ ё ин, ки тавозун яке аз унсурҳои усули баҳисобгирии муҳосибӣ буда, сарчашмаи асосии ахбор барои истифодабарандагони гуногун ба шумор меравад. Тавозун аз ду қисм, қисми активӣ ва қисми пассивӣ иборат аст. Қисми активии он, дороиҳои гардон ва ғайригардонро дар бар гирифта, қисми пассивиаш бошад, аз ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, инчунин сармояи оинномавӣ, сармояи худӣ, сармояи захиравӣ ва сармояи иловашуда иборат аст. Сохтори тавозун дар асоси муодилаи тавозунӣ ташкил дода мешавад:

Дороиҳо = Ӯҳдадориҳо + Сармояи худӣ

Дороиҳои корхона - ҳалли маблағгузориҳои корхонаро, ки барои давраи ҳисоботӣ барои фаъолияташ қабул намудааст, инъикос менамояд. Дар тавозун дороиҳо бо тартиби бозоргирии онҳо ҷой дода мешаванд.

Дороиҳои ғайригардон (дарозмуддат) – чунин воситаҳое мебошанд, ки на зиёда аз як давраи ҳисоботӣ истифода бурда шуда, бо мақсади истифодабарӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ба даст оварда мешаванд ва дар давоми сол фурӯхта намешаванд. Дороиҳои ғайригардон  қисми якуми тавозун – «Воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайригардон»-ро ташкил медиҳад. /4, саҳ.39/

Дороиҳои гардон (кӯтоҳмуддат) – воситаҳое мебошанд, ки дар давоми соли ҳисоботӣ истифода бурда шудаанд, фурӯхта шудаанд ва ё талаб карда шудаанд. Дар тавозун дороиҳои гардон қисми дуюми дороиҳоро ташкил медиҳад.

Барои қабули қарорҳои молиявӣ аз таркиби воситаҳои гардон чунин моддаҳои зарурӣ истифода бурда мешаванд, ки бештар барои муайян сохтани ҳолати молиявии корхона истивода бурда мешавад:

  • воситаҳои пулӣ;
  • сармоягузории молиявии кӯтоҳмуддат;
  • қарздории дебиторӣ;
  • захираҳои моддию молӣ. /4, саҳ.39/

 Қисми пассивии тавозуни корхона қабули қарор оиди интихоби сарчашмаи сармоягузориро инъикос менамояд. Дар менеҷмент, барои мақсадҳои сармоягузорӣ бояд пассивро ба гурӯҳҳо ва нишондиҳандаҳои зерин  ҷудо намоем:

  • ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат;
  • ӯҳдадориҳои дарозмуддат;
  • сармояи худӣ.

Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат – ӯҳдадориест, ки аз ҳисоби дороиҳои гардон ва ё дар ҳолати пайдо намудани ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати нав рӯйпӯш карда мешавад.

Ӯҳдадориҳои дарозмуддат – ин ӯҳдадорие мебошад, ки бояд зиёда аз як соли ҳисоботӣ пардохт карда шавад. Намудҳои асосии ӯҳдадориҳои дарозмуддат, ин қарзҳо ва заёмҳои дарозмуддат, вомҳо, векселҳои дарозмуддат барои пардохт, ӯҳдадорӣ барои пардохти нафақа ва пардохти иҷорагрии дарозмуддат ва ғайраҳо ба шумор мераванд.

Сармояи худӣ – сармояест, ки таркиби он аз сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ ва фоидаи тақсимнашуда иборат аст.

Барои менеҷери молиявӣ аз қисми пассивии тавозун ҷудо кардани моддаҳои зерин  муҳим аст:

  • фоидаи ҷамъшуда;
  • сармояи гузошташуда.

Фоидаи ҷамъшуда – ин фоидаест, ки корхона дар раванди тамоми соли фаъолияташ  ба даст овардааст, ки баъди андозбандӣ ва пардохти дивидендҳо ҳисоб карда мешавад.

Хулоса, тавозун ҳуҷҷати молиявӣ ва ё муҳосибиест, ки аз ҳолати молиявии корхона, ҳолати пардохтпазирии он ва дар сатҳи муайян қарор доштани корхона маълумот медиҳад. /4, саҳ.45/

Ҳисобот оиди фоида ва зарар маълумот дар бораи ҷараёни ташаккул ва истифодабарии фоида дар фосилаи вақти муайянро дар бар мегирад.  Дар ҳисоботи мазкур фоидаи аввал, фоидаи умумӣ ҳисоб карда шуда, баъдан аз фарқи байни фоидаи умумӣ ва хароҷотҳои маъмурӣ, тиҷоратӣ, хароҷотҳои фоизӣ ва дигар хароҷотҳо, инчунин ҳисоби андоз аз фоида ва ҷамъи даромади фоизӣ, даромад аз фаъолияти ғайрималиётӣ дар натиҷа фоидаи соф пайдо мегардад.

Фоидаи соф – фоидаест, ки баъди пардохти андоз аз фоида ба даст меояд. Ин нишондод, муҳимтарин нишондиҳандаи фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад.

Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ – ҳисоботест, ки нишондиҳандаҳои он нисбати нишондиҳандаҳои дигар ҳисоботҳо, ба монанди ҳисобот оиди фоида ва зарар дигаргун аст, зеро баъзе аз фоида ва зарарҳо, ки дар ҳисоботи фоида ва зарар инъикос меёбад, пардохти пулиро дар бар намегирад.

 Ҳисобот оиди дигаргуншавии сармояи худӣ – ин ҳисоботест, ки дар раванди фаъолияти корхона, оиди тағйирёбии сармоя, дар асоси сармоягузории нав ва ё кам гардидани он маълумот медиҳад. Ҳисоботи мазкур имконият медиҳад, ки дар кадом сатҳ қарор доштани ҳолати пардохтпазирии корхонаро муайян намоем.

Тавзеҳот – ин намуди ҳуҷҷатест, ки дар он ҳамаи нишондиҳандаҳои корхона ба таври мушаххас оварда шуддаст, ки он қисмҳои зеринро ташкил медиҳад:

  • сиёсати баҳисобгирӣ;
  • тавзеҳоти тавозун ва ҳисобот оиди фоида ва зарар;
  • ҳисобукиттоби нишондиҳандаҳои молиявӣ;
  • дигар ахборот.

Ҳамаи ҳисоботҳои дар боло номбаргардида бо мақсади муайян намудани ҳолати  молиявӣ ва ҳам иқтисодии корхона нақши муҳим дошта, асос барои рушд ва пешбарии фаъолияти минбаъдаи ҳар як ташкилот ва ширкатҳо мебошад.

 

 

 

 

    1.  Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ

Дар низоми таҳлили иқтисодӣ мавқеи асосиро таҳлили молиявии фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ ишғол менамояд, ки қисми асосии фаъолияти менеҷерон ва таҳлилгарони молиявӣ ба шумор меравад.

Зери мафҳуми ҳолати молиявӣ пардохтпазирӣ ва худмаблағгузории корхона дар раванди фаъолияти он фаҳмидан мумкин аст.

Мақсади асосии таҳлил бо мурури замон муайян намудан ва аз байн бурдани ноқисиҳо ва душвориҳо дар раванди фаъолияти молиявӣ ва муайян намудани сарчашмаи захираҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи молиявии корхона ва фаъолияти он ба ҳисоб меравад.

Ҳисоботи молиявӣ дар баробари оиди ҳолати моливии корхона маълумот додан, дар навбати худ оиди амалиётҳое, ки дар раванди соли ҳисоботӣ иҷро мегардад, қисман дар бар мегирад. Муҳимияти ҳисоботи молиявӣ дар он аст, ки асос барои пешгӯии фаъолияти ояндаи корхона барои ба даст овардани даромад, пешгӯӣ оидӣ ҷараёни озоди пулӣ ва дивидендҳо истифода бурда мешавад. /3, саҳ.119/

Аз нуқтаи назари менеҷери молия дар асоси ҳисоботҳо бо усули ҳисобу китоб ва таҳлили нишондиҳандаҳои корхона, бемемоният оиди рушд ва тараққиёти ояндаи корхона пешгӯӣ намудан мумкин аст, ки самаранокии фаъолияти минбаъдаи корхонаро дар давраҳои муайян ба нақша мегирад.

Барои муайян намудани сатҳи фаъолияти корхонаву ширкатҳо якчанд намуди таҳлилҳо дар амалия истифода бурда мешавад, ба монанди:

  • Таҳлили уфуқӣ;
  • Таҳлили амудӣ;
  • Таҳлили омилӣ;
  • Таҳлили трендӣ;
  • Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ.

Таҳлили уфуқӣ – мувофиқи нишондиҳандаҳои ҳисоботҳо муайян намудани тағйиротҳои мутлақ ва нисбии моддаҳои гуногуни ҳисоботро барои солҳои муайяни ҳисоботӣ имконият медиҳад.

Таҳлили амудӣ – бо мақсади нишон додани вазни қиёсии моддаҳои алоҳидаи ҳисобот, ки нишондоди ҷамъбастиаш  100 фоизро ташкил медиҳад, гузаронида мешавад.

Таҳлили омилӣ – дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисобот таҳлил карда шуда, дар раванди таҳлил омили таъсиррасонанда дар камшавӣ ва ё зиёдшавии нишондодҳо ба назар гирифта мешаванд.

Таҳлили трендӣ – дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоботи якчанд солҳо дар сатҳи соли базисӣ, ки ҳамаи нишондиҳанадаҳо бо меъёри 100 фоиз қабул мегардад, муқоиса гузаронида мешавад.

Таҳлили коэффисиентҳои молиявӣ - мутаносибии молиявии байни моддаҳои гуногуни ҳисоботро нишон медиҳад. Моҳияти усули таҳлили мазкур дар ҳисоби нишондиҳандаҳои мувофиқ дар асоси ҳисобот мебошад.

Ҳамаи ин усулҳои таҳлил имконият медиҳанд, ки дар асоси натиҷаҳои муқоисавии солҳои гуногуни ҳисоботӣ барои рушди фаъолияти корхонаҳо қарорҳои мувофиқ ва амиқ қабул намуда, сатҳи молиявӣ ва иқтисодии корхонаро беҳтар гардонанд.

Барои муфассалтар дида баромадани тарзи истифодабарии усулҳои таҳлилӣ, ҳисоботи яке аз корхонаҳои истеҳсолиро таҳлил менамоем.

ҶДММ «Ромашка» соли 1993 ташкил гардида, 20 сол инҷониб фаъолият мебарад. Ин корхона истеҳсолкунандаи либосҳои сатҳҳои гуногун буда, ашёи хоми истеҳсолиро аз давлатҳои Корея, Италия, Туркия ва Германия дастрас менамояд. Корхонаи мазкур дар сатҳи бозор сигменти миёнаро ишғол намуда, бо дигар корхонаҳои фаъолияташ монанд қобилияти рақобатнокӣ дорад. Корхона барои истеҳсоли либосҳо аз таҷҳизотҳои нави ҳозиразамон истифода мебарад, ки мувофиқан сифати маҳсулоташ баланд аст.

Дар асоси ҳисоботҳои молиявии ҶДММ «Ромашка», ба монанди ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ (тавозун) ва ҳисобот оиди фоида ва зарар, ки шакли аслии ҳисоботҳо дар охири кори мазкур оварда шудааст, таҳлили амудӣ ва уфуқӣ гузаронида мешавад ва мувофиқи натиҷаҳои таҳлил нишондиҳандаҳо шарҳ дода мешаванд. 

Барои истифодабарандагони умумӣ ҳисоботҳои корхонаву ширкатҳо ҳисоботҳо ба намуди конфеденсиалӣ паҳн карда мешавад, чунин намуди ҳисобот маълумоти умумӣ оиди ҳолати молиявии корхонаро дар бар мегирад. Корхона ӯҳдадор аст, то ки барои истифодабарандагон ахборот доир ба раванди фаъолити хеш дастрас намояд, зеро корхонаҳо дар ҷамъият нақши асосиро бозида, ҳамчун таъминкунанда ва қонеъкунандаи талаботҳои мардум ба ҳисоб мераванд.

Ҷадвали 1.1

Таҳлили уфуқии қисми дороиҳои тавозуни ҶДММ «Ромашка»

Номгӯи ҳисоби тавозунӣ

Солҳои ҳисоботӣ

Таҳлили уфуқӣ

Дороиҳо

Соли 2011

Соли 2010

мутлақ (ҳаз.сом)

нисбӣ (фоиз,%)

Воситаҳои асосӣ

123 456

121 888

1 568

101,29

Маблағгузории молиявӣ

525 525

525 525

0

100,00

Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда

90 000

8 000

82 000

1125,00

Дигар дороиҳои ғайригардон

150 000

100 000

50 000

150,00

Захираҳо

1 900 850

1 800 750

100 100

105,56

Андоз ба илова кардани арзишҳои гирифташуда

500 000

533 000

-33 000

93,81

Қарздории дебиторӣ

2 111 500

1 718 507

392 993

122,87

Маблағгузории молиявӣ (ҳисоби депозитӣ)

50 000

0

50 000

0,00

Воситаҳои пулӣ

1 525 920

1 070 734

455 186

142,51

Дигар дороиҳои гардон

935 049

843 096

91 953

110,91

Ҳамагӣ - дороиҳо

7 912 300

6 721 500

1 190 800

117,72


 

Аз ҷадвали 1.1, аз натиҷаҳои таҳлили уфуқии тартибдода маълум гардид, ки ҳолати молиявии ҶДММ «Ромашка» дар солҳои ҳисоботии 2010 ва соли 2011, ғайр аз маблағгузории молиявӣ, дигар нишондиҳандаҳои тавозунӣ,  маъмулан тағйир ёфтааст, ки ин тағйирёбӣ сабабҳои гуногун дорад.

Таҳлили уфуқӣ нишон дод, ки воситаҳои асосӣ дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 дар ҳаҷми 1 568 сомонӣ зиёд гардида, 1,29%-ро ташкил медиҳад. Маблағгузории молиявӣ дар соли 2011 бетағйир мондааст. Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда дар ҳаҷми 82 000 ҳаз.сомонӣ афзуда, 125%-ро дар бар мегирад. Дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 захираҳо дар ҳаҷми 100 100 ҳаз.сомонӣ зиёд гардидааст, ки 5,56%-ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи дар ҳаҷми бузург кам гардида - ин андоз ба илова кардани арзишҳои гирифташуда мебошад, ки ба 33 000 ҳаз.сомонӣ кам гардида, камшавии ин нишондод  6,19%-ро ташкил дод. Дар навбати худ қарздории дебиторӣ дар ҳаҷми 392 993 ҳаз.сомонӣ афзудааст, ки  22,87% -ро ташкил медиҳад. Воситаҳои пулӣ дар соли 2011 нисбати соли 2010 ба 455 186 ҳаз.сомонӣ зиёд гардидааст, ки 42,51%-ро ташкил медиҳад. 

Дигар дороиҳои гардон дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 дар ҳаҷми

91 953 ҳаз.сомонӣ афзудааст, ки 10,91%-ро тушкил медиҳад.

Ҳамагӣ дороиҳо дар тавозун дар соли 2010 ҳаҷми 6 721 500 ҳаз.сомониро ташкил дода, дар соли 2011 ба ҳаҷми 7 912 300 ҳаз.сомонӣ расидааст, ки он ҳамагӣ 1 190 800 ҳаз.сомонӣ афзуда, 17,72%-ро ташкил медиҳад.

Сабаб аз дигаргуншавӣ ва тағйирёбии нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявӣ гуногун аст. Масъалан, мабдағгузории молиявӣ аз сабаби нагузоштани маблағ, ин нишондод бетағйир мондааст. Дар навбати худ андоз ба илова кардани арзишҳои иловашуда, аз сабаби кам шудани ҳаҷми фурӯши маҳсулот кам гардидааст.

Сабаби зиёд гардидани воситаҳои пулӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар раванди фаъолияти корхона дороиҳои гардони корхона тез гардиш намуда, воситаҳои пулӣ зиёдтар ба даст омадааст, ки ин амалиёт боиси зиёд гардидани воситаҳои пулӣ дар корхона гардидааст. Ҳамин тавр, омилҳои зиёде барои тағйир додани нишондиҳандаҳои ҳисоботии  корхона таъсир расонда метавонад.

Бо воситаи диаграмма фарқияти байни нишондиҳандаҳои тавозуни ҶДММ "Ромашка" дар солҳои 2010 ва 2011, ки бо воситаи таҳлили уфуқӣ муайян карда шудааст, хубтар фаҳмидан мумкин аст, ки дар расми 1.1 тасвир карда шудааст:

Расми 1.1 Диаграммаи таҳлили уфуқии қисми дороиҳои тавозун

 

Ҳамчунин, таҳлили амудӣ вазни қиёсии нишондиҳандаҳои қисми дороиҳои тавозунро барои солҳои 2010 ва 2011 бо фарқи байни онҳо нишон дод, ки дар ҷадвали 1.2 оварда шудааст:

 

Ҷадвали 1.2

Таҳлили амудии қисми дороиҳои ҶДММ «Ромашка»

Номгӯи ҳисоби тавозунӣ

Солҳои ҳисоботӣ

Таҳлили амудӣ

Дороиҳо

Соли 2011

Соли 2010

Вазни қиёсӣ (фоиз,%)

Вазни қиёсӣ (фоиз,%)

Фарқият

Воситаҳои асосӣ

123 456

121 888

1,56

1,81

-0,25

Сармоягузории молиявӣ

525 525

525 525

6,64

7,82

-1,18

Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда

90 000

8 000

1,14

0,12

1,02

Дигар дороиҳои ғайригардон

150 000

100 000

1,90

1,49

0,41

Захираҳо

1 900 850

1 800 750

24,02

26,79

-2,77

Андоз ба илова кардани арзишҳои гирифташуда

500 000

533 000

6,32

7,93

-1,61

Қарздории дебиторӣ

2 111 500

1 718 507

26,69

25,57

1,12

Маблағгузории молиявӣ

50 000

0

0,63

0,00

0,63

Воситаҳои пулӣ

1 525 920

1 070 734

19,29

15,93

3,36

Дигар дороиҳои гардон

935 049

843 096

11,82

12,54

-0,73

Ҳамагӣ - дороиҳо

7 912 300

6 721 500

100

100

0,00


 

 

Дар навбати худ таҳлили амудӣ тағйирёбии фоизии байни нишондиҳандаҳои ҳисоби тавозуниро нишон дод. Натиҷаҳои таҳлил аз он шаҳодат медиҳад, ки дар солҳои ҳисоботии 2011 нисбат ба соли 2010 якчанд нишондиҳандаҳои тавозунӣ ба таври камшавӣ тағйир ёфтааст.

Чӣ хеле, ки аз ҷадвали 1.2 маълум аст, воситаҳои асосӣ дар соли 2011 1,56% ва дар соли 2010 1,81%-ро ташкил дода, аз ҳаҷми умумии дороиҳо 0,25% кам гардидааст.

Маблағгузории молиявӣ дар соли 2011 нисбати ҳаҷми умумии дороиҳо 6,64% ва соли 2010 - 7,82%-ро ташкил дода, нисбати солҳо 1,18 % кам шудааст.

Дар солҳои ҳисоботии мазкур захираҳо дар ҳаҷми 2,77% кам гардидааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии дороиҳои корхона маблағгузории молиявӣ ба миқдори муайян тағйир ёфта, кам гаштааст.

Қарздории дебиторӣ дар навбати худ дар солҳои ҳисоботии 2011 нисбат ба соли 2010 ба 1,12% афзоиш ёфтааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона 1,12% маҳсулоташро дар соли 2011 ба қарз фурӯхтааст.

Таҳлили амудӣ нишон дод, ки воситаҳои пулӣ дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ба ҳаҷми 3,36 % афзудааст. Ин нишондиҳандаест, ки дар ҳаҷми зиёд нисбат ба дигар нишондиҳандаҳои тавозунӣ афзудааст.

Дигар дороиҳои гардон дар соли ҳисоботии 2011 нисбат ба соли ҳисоботии 2010 ба 0,73 % кам гардидааст. Тағйиротҳои ҳамаи ин нишондиҳандаҳои таҳлилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои зиёд боиси тағйирёбии қисми дороиҳои корхона мегардад.

Бо воситаи диаграмма фарқияти байни нишондиҳандаҳои қисми дороиҳои тавозуни ҶДММ "Ромашка" дар солҳои 2010 ва 2011, ки бо воситаи таҳлили амудӣ муайян карда шудааст, хубтар фаҳмидан мумкин аст, ки дар асоси нишондиҳандаҳои ҷадвали 1.2 сохта шуда, дар расми 1.2 тасвир карда шудаааст.

 

Расми 1.2 Диаграммаи таҳлили амудии қисми дороиҳои тавозунӣ

Ҷадвали 1.3

Таҳлили уфуқии қисми пассивҳои тавозуни ҶДММ «Ромашка»

Номгӯи ҳисоби тавозунӣ

Соли ҳисоботӣ

Таҳлили уфуқӣ

Пассивҳо

Соли 2011

Соли 2010

мутлақ (ҳаз.сом)

нисбӣ (фоиз,%)

Сармояи оинномавӣ

1 500

1 500

0

100,00

Баҳодиҳии дороиҳои ғайригардон

1 800

0

1 800

0,00

Фоидаи тақсимнашуда

700 000

650 000

50 000

107,69

Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда

30 000

25 000

5 000

120,00

Воситаҳои қарзӣ

2 588 000

4 565 000

-1 977 000

56,69

Қарздории кредиторӣ

4 586 500

1 480 000

3 106 500

309,90

Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо

4 500

0

4 500

0,00

Ҳамагӣ - пассивҳо

7 912 300

6 721 500

1 190 800

117,72


 

 

Чӣ хеле, ки аз таҳлили уфуқии қисми пассивҳои тавозун маълум гардид, солҳои 2010 ва 2011 нишондиҳандаҳои пассивии тавозун бештар афзудааст.

Дар соли ҳисоботии 2011 нисбат ба соли 2010 сармояи оинномавӣ бетағйир мондааст, ки дар ҳар ду сол 1 500 сомониро дар бар мегирад. Корхона дар соли 2011 барои баҳодиҳоии дороиҳои ғайригардон 1 800 сомонӣ сарф намуда, ин нишондод дар соли 2010 ба сифр баробар будааст. фоидаи тақсимнашуда дар соли 2010 ба ҳаҷми 650 000 ҳаз.сомонӣ баробар буда, ин нишондод дар соли 2011 ба 700 000 ҳаз.сомонӣ расидааст, ки дар ҳаҷми 50 000 ҳаз.сомонӣ афзуда, 7,69%-ро ташкил додаст.

Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда соли 2010 ҳамагӣ 25 000 ҳаз.сомониро дар бар гирифта, соли 2011 ба 30 000 ҳаз.сомонӣ расидааст,  ки дар соли 2011ба 5 000 ҳаз.сомонӣ зиёд гардида, 20%-ро ташкил медиҳад.

Воситаҳои қарзӣ соли 2010 ҳамагӣ 4 565 000 ҳаз.сомонӣ буда, дар соли 2011 ба 2 588 000 ҳаз.сомонӣ расидааст, ки ин нишондод дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 дар ҳаҷми 1 977 000 ҳаз.сомонӣ кам гардида, 56,69%-ро ташкил медиҳад.

Қарздории кредиторӣ дар солҳои ҳисоботии 2010 ва 2011 дар ҳаҷми зиёд афзудааст. Агар ба таври амиқ шарҳ диҳем, дар соли 2010 ҳаҷми қарздории кредиторӣ 1 480 000 ҳаз.сомонӣ буда, дар соли 2011 ба  4 586 500 ҳаз.сомонӣ расидааст, ки дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ин нишондод  3 106 500 ҳаз.сомонӣ афзудааст ва 209,9%-и афзоишро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ пассивҳо мувофиқи натиҷаҳои таҳлили уфуқӣ 7 912 300 ҳаз.сомонӣ дар соли 2011 ва 6 721 500 ҳаз.сомонӣ дар соли 2010 буда, дар ҳаҷми умумӣ ба 1 190 800 ҳаз.сомонӣ зиёд гардидааст, ки ин суръати  афзоиш 17,72%-ро ташкил медиҳад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки қисми пассивии тавозуни корхона ба ҳамин миқдор афзудааст.

Тағйирёбии нишондиҳандаҳои тавозунро боз ба таври кушод ва фаҳмо дар диаграммаи расми 1.3 дидан мумкин аст, ки мувофиқи маълумотҳо ва натиҷаҳои таҳлили уфуқии қисми пассивии тавозун, ки дар ҷадвали 1.3 оварда шудааст, тасвир карда шудааст:

 

 

Расми 1.3 Диаграммаи таҳлили уфуқии қисми пассивии тавозун

Ҷадвали 1.4

Таҳлили амудии пассивҳои ҶДММ «Ромашка»

Номгӯи ҳисоби тавозунӣ

Солҳои ҳисоботӣ

Таҳлили амудӣ

Пассивҳо

Соли 2011

Соли 2010

Вазни қиёсӣ (фоиз,%)

Вазни қиёсӣ (фоиз,%)

Фарқият

Сармояи оинномавӣ

1 500

1 500

0,02

0,02

0,00

Баҳодиҳии дороиҳои ғайригардон

1 800

0

0,02

0,00

0,02

Фоидаи тақсимнашуда

700 000

650 000

8,85

9,67

-0,82

Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда

30 000

25 000

0,38

0,37

0,01

Воситаҳои қарзӣ

2 588 000

4 565 000

32,71

67,92

-35,21

Қарздории кредиторӣ

4 586 500

1 480 000

57,97

22,02

35,95

Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо

4 500

0

0,06

0,00

0,06

Ҳамагӣ - пассивҳо

7 912 300

6 721 500

100,00

100,00

0,00