Сарсухан
Сарсухан
Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.
Дар баробари ҳуқуқ, ба меҳнат ҳар кас ба ҳифзи меҳнат, шароити бехатар ва мусоиди кор ҳуқуқ, дорад.
Ҳифзи меҳнат аз маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкиливу техники, санитарию беҳдоштӣ, муолиҷавию пешгирикунанда, офиятӣ ва дигар тадбирҳое иборат аст, ки онҳо ба мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ хизмат мекунанд.
Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгу бошад, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.
Ба мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқи конститутсионӣ ба ҳимояи иҷтимоӣ давлат як қатор кафолатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилиро муқаррар намудааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:
- мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ, ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- самтгирии ройгони касбӣ, тарбия ва бозомузии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти давлатии шуғл;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;
- ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби ба маҳалли дигар бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (Омӯзиш) равон намудан;
- имконияти бастани шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо дарназардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.
Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад: - додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
- Мафҳум, аҳамият ва таснифи принсипҳои ҳуқуқӣ
Истилоҳи принсип аз Истилоҳи лотинии «principum» маншаъ гирифта, маънои «асос» ё «ибтидо»-ро ифода менамояд.
Омӯзиши принсипҳои ҳуқуқӣ ва аҳмияти онҳо дер боз дар маркази таваҷҷӯҳи муҳаққикони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ қарор дорад.
Дар назарияи ҳуқуқ зери мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ ғояҳои роҳбарикунанда, асос, ибтидо фаҳмида мешаванд, ки моҳият, хусусиятҳои асосӣ ва самти умумии такмили меъёрҳои ҳуқуқиро дар ҳудуди низоми ҳуқуқ ё соҳаҳои алоҳидаи он ё институтҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ифода менамоянд1. Ҳамоно дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаи дигаре иброз шудааст, ки тибқи он танҳо чунин ғояҳои роҳбарикунандае ба сифати принсипҳои ҳуқуқӣ эътироф мешаванд, ки агар онҳо дар меъёрҳои ҳуқуқӣ дарҷ шуда бошанд2. Ба андешаи мо маҳз чунин нуқтаи назар ҷоизтар ва бештар кобили қабул аст.
Агар ҳуқуқ дар шакли раводид, фармоиш, амр, манъкуни ифода ёбад, меъёри ҳуқуқи тарзу намунаи рафтори одамон, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои ҳуқуқро дар шароятҳои гуногуни ҳаётӣ муқаррар менамояд. Ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд аз ғояҳои роҳбарикунанда ибтидо гирифта, онҳоро дар худ дарҷ ва таҷассум намоянд.
Принсипҳои ҳуқуқ на танҳо дар марҳалаи ҳуқуқэҷодкунӣ, инчунин дар ҷараёни шарҳу эзоҳ ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ нақши муҳимро мебозанд. Маҳз принсипҳои ҳуқуқ имкони шарҳу эзоҳи моҳият ва мазмуин меъёрҳои ҳуқуқиро фароҳам оварда, татбиқи дурусти онҳоро таъмин менамоянд.
Аз ин рӯ, принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ тавъам буда, бидуни якдигар ҷой дошта наметавонанд. Бо вуҷуди ин якзайлу якмаъно пиндоштани принсипҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқи нодуруст мебуд. Принсипҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бо чанд аломати худ тафовути ҷидди доранд. Якум, гарчанде принсипҳои ҳуқуқ таъсири муҳими танзимнамоиро доро бошанд ҳам, чун меъёрҳои ҳуқуқӣ тарзу намунаи рафтори мушаххасро муайян намесозанд ва тавассути онҳо танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои мушаххаси ҷамьиятӣ аз имкон берун аст. Дуюм, принсипҳои ҳуқуқ тамоми унсурҳои меъёри ҳуқуқиро (фарзия, диспозитсия, муҷозот) доро нестанд. Сеюм, принсипҳои ҳуқуқ дар қиёс бо меъёрҳои ҳуқуқӣ дарозумру пойдортар буда, на танҳо моҳият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, балки меъёрҳои ҳуқуқии минбаъдаро муайян намуда, дар дуруст татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳанӯз танзими худро наёфта, яъне дар мукаммал намудани қонунгузорӣ, кумак мерасонанд. Чорум, принсипҳои ҳуқуқ ҳамчун асосу таҳкурсӣ барои дар низоми ягонаи ин ё он соҳаи ҳуқуқ муттаҳид намудани меъёрҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Ба ибораи дигар принсипҳои ҳуқуқ категорияҳое мебошанд, ки тавсифи чамъбастшуда ва хулосавии мазмуни системаи бутуни ҳуқуқ ё соҳаҳои алоҳидаи он ё институтҳои алоҳидаи ҳуқуқро дар худ таҷассум менамоянд. Ва дар ниҳоят принсипҳои ҳуқуқ дар баробари предмет, услуб ва маъхазҳо, ҳамчун маҳак барои эътироф намудани ин ё он соҳаи ҳуқуқ хизмат мекунанд.
Принсипҳои ҳуқуқ на танҳо аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки аз шуури ҳуқуқӣ низ тафовут доранд. Шуури ҳуқуқӣ аз ақидаю мулоҳизаи одамон, баҳои онҳо нисбати меъёрҳои ҳуқуқии амалнамуда ва амалкунанда, инчунин нисбати принсипҳои тамоми системаи ҳуқуқ ва принсипҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ иборат аст.
Дар маъхазҳои илмӣ ва таълимӣ принсипҳои ҳуқуқ ба се гурӯҳ таҷзия шудаанд: принсипҳои умумиҳуқуқӣ; принсипҳои байнисоҳавӣ ва принсипҳои соҳавӣ.
Принсипҳои умумиҳуқуқӣ принсипҳое мебошанд, ки хоси тамоми соҳаҳои ҳуқуқанд (принсипҳои қонуният, адолат, инсондӯстӣ, баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун, демократизм ва ғайра). Принсипҳои байнисоҳавӣ бошанд, принсипҳоеро меноманд, ки хоси якчанд соҳаҳои ҳуқуқ мебошанд. Масалан, принсипи озодӣ ва подоши меҳнат, ҳифзи моликият дар қисматати ба татбиқи меҳнат алоқаманд на танҳо ба ҳуқуқи меҳнатӣ, инчунин ба ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ, маъмурӣ низ хосанд.
Принсипҳои соҳавӣ бошанд, чунин принсипҳое мебошанд, ки хусусияти хоси меъёрҳои соҳаи алоҳидаи ҳуқуқро ифода менамоянд. Мисоли равшани принсипи соҳавӣ, принсипи таъмини иштироки кормандон дар идоракунии ташкилот, принсипи шарикии иҷтимоӣ, принсипи таъмини ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар принсипҳо мебошанд, ки танҳо ба ҳуқуқи меҳнатӣ хосанд.
Масоили принсипҳои ҳуқуқ на танҳо мавриди таваҷҷӯҳи тадқиқотчиёни назария ҳуқуқ, балки олимони соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ низ қарор гирифтаанд. Агар олими намоёни соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ Н.Г.Александров принсипҳои ҳуқуқро ба принсипҳои умумӣ, байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ таҷзия намуда бошад3, В.А.Андреев боз ба дигар гурӯҳи принсипҳои ҳуқуқи, яъне принсипҳои институтҳои алоҳидаи соҳаҳои ҳуқуқ ишора намудааст4.
Принсипҳои байнисоҳавии ба меҳнат алоқаманд, дар маъхазҳои таълимӣ ҳамчун принсипҳои танзими ҳуқуқии меҳнат ном гирифтаанд. Принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнатӣ бошанд, ҳамчун воситаи мушаххасгардонии принсипҳои байнисоҳавӣ мутобиқ ба муносибатҳои меҳнатӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи онҳо баромад мекунанд5.
Ба вуҷуди ин, принсипҳои танзими ҳуқуқии меҳнат ва принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнатро комилан айниятдошта ҳисобидан хато мебуд, чунки сарфи назар аз шабеҳияти зохирӣ ҳар яке аз ин гурӯҳи принсипҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.
2. Принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат
Принсипҳои байнисоҳавӣ чунин принсипҳоеро меноманд, ки ҳамзамон ба ду ё зиёда соҳаҳои ҳуқуқ таалуқ дошта, ягонагии дохилӣ ва самтҳои ташаккули меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои мушобеҳро муайян месозанд. Ба муносибатҳои мушобеҳ, аз ҷумла муносибатҳое мансубанд, ки дар бахши татбиқи меҳнат ба вуҷуд омада, тавассути на танҳо меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, инчунин то дараҷае бо истифода аз меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ ва маъмурӣ низ танзим мешаванд. Пас принсипҳое мавҷуданд, ки дар қисматати татбиқи меҳнат ба ҳуқуқи меҳнатӣ, гражданӣ ва маъмурӣ таалуқ доранд.
Л.А.Сыроватская ба принсипҳои зайли байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат ишора менамояд:
1) озод будани меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилият ба меҳнат, интихоби навъи фаъолият ва касб;
2) манъ будани меҳнат иҷборӣ ва ҳифозат аз бекорӣ;
3) ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;
4) ҳуқуқ ба маълумот;
5) ҳуқуқ ба муттаҳид шудан;
6) кафолати фаъолияти озодонаи созмонҳои ҷамъиятӣ;
7) ҳуқуқ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо бо истифода аз тамоми тарзу василаҳои манънашудаи қонун;
8) ҳуқуқ ба подоши меҳнат бе ҳеҷгуна маҳдудсозӣ ва на камтар аз ҳадди ақали муқарраршудаи музди меҳнат;
9) ҳуқуқ ба истироҳат1.
Ба андешаи мо номгуи пешниходшудаи принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнатро бо илова намудани принсипи ҳифзи моликият мукаммалтар намудан ба мақсад мувофиқ мебуд.
Ҳар яке аз ин принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат, ё ба ибораи дигар принсипҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ аник, гашта, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳуқуқи меҳнатӣ мушаххас мегарданд. Масалан, принсипи озод будани меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилияти меҳнатӣ, интихоби навъи фаъолият ҳамчун принсипи байнисоҳавии танзими меҳнат бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳуқуқи меҳнатӣ ба принсипи озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, принсипи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ бошад, ба принсипи соҳавии ҳуқуқи меҳнатӣ, яъне принсипи ҳуқуқи корманд ба шароитҳои бехатар ва солими меҳнатӣ табдил меёбанд.
3. Таркиб ва мазмуни принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнати
Принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, аз ҷумла дар ҳуқуқи меҳнатӣ мушаххас ва эзоҳ гашта, хусусиятҳои хоси татбиқи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманди ҷамъиятиро таҷассум менамоянд.
Муайян намудани таркиб ва мазмуни принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнат на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти муҳими амалӣ дорад.
Л.А.Сыроватская ба 7 принсипи асосии ҳуқуқи меҳнатӣ, ки шакли мушаххасгаштаи 7 принсипи байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат мебошанд, ишора менамояд6.
И.К. Дмитриева7 бошад, ба бист номгӯи принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнатӣ ишора мекунад, чунончӣ:
1) принсипи озод будани меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнат;
Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз принсипи меҳнатӣ озод маншаъ гирифта, ҳамзамон худ таҷҷассумгари принисипи меҳнати озод мебошад. Меҳнати озод яке аз унсурҳои муҳимтарини озодии инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад, ки онро Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (моддаи 23), Мушоҳидаи байналхалкӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангй (моддаи 6) эълон доштаанд ва он дар Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 35) ҳамчун ҳуқуқи умда дар бахши меҳнат сабт шудааст.
Интихоби озодонаи навъи фаъолият ва касб, ихтиёрдории озодона аз қобилияти меҳнатӣ, манъи маҳдудсозии ҳуқуқ, дар муносибатҳои меҳнатӣ ва манъи меҳнатӣ иҷборӣ, ҳифзи меҳнат, ҳуқуқ ба шароитҳои одилонаю мусоиди меҳнатӣ ва музди баробар барои иҷрои кори баробарқиммат, таҷассумгари меҳнатӣ озод мебошанд.
Зиёда аз он, озодии меҳнат ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат бояд барои шаҳрвандон кафолатҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро дар ҷодаи меҳнат, эҷоди шароитҳои барои ҳаёт сазовор, камолоти касбӣ ва шахсият пешбинӣ намояд.
Озодии меҳнат дар хусусияти шартномавӣ доштани муносибатҳои меҳнатӣ зоҳир мегардад.
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мисли ҳамагуна созишнома озодии ирода ва изҳори озодонаи иродаро дар назар дорад. Аз ин рӯ, ҳамагуна зуҳуроти фишор, зуроварӣ ва гумроҳсозӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва муайян намудани мазмуни он, боиси беэътибор донистани тамоми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё як қисматати он мегардад.
Тибқи муқаррароти қ. 2 моддаи 8 КМ ҶТ маҷбурият дар бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ норавост, ба ғайр аз мавридҳои дар КМ ҶТ, дигар қонунҳо ва ё тибқи ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинишуда.
Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ на танҳо дар марҳалаи бастани шартнома (қарордод), инчунин дар марҳалаи тағйир ва катъшавии он низ бояд таъмин гардад.
Муқаррароте ҷой дорад, ки тибқи он корфармо наметавонад яктарафа, бидуни ризояти корманд ҷои кор ва функсияи меҳнатии ӯ, инчунин шарту шароитҳои муҳими шартномаи (қарордоди) меҳнатиро тағйир диҳад, ғайр аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонун.
Зуҳуроти озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар марҳалаи катъшавии он низ бараъло дидан мумкин аст (масалан, дар мавриди бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд).
2) принсипи манъи ҳамагуна маҳдудият дар бахши меҳнат;
Ҳамаи шаҳрвандон дар бахши муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз руи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пуст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезананд, манъ аст (моддаи 7 КМ ҶТ).
Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба ашхосе, ки муҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ, намебошад.
Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.
Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 35) ҳуқуқи ҳар касро ба меҳнат кафолат медиҳад, аз он ҷумла дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудиятро манъ мекунад. Талаботи ин меъёри конститутсионӣ дар КМ ҶТ мушаххас гардонида шудааст.
Мазмуни маҳдудсозӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ, ки дар КМ ҶТ сабт шудааст бо мазмуни моддаи 1 Конвенсияи №111 СБМ «Дар бораи маҳдудсозӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл» (санаи қабул 5 июли соли 1958 ва санаи амали он 15 июни соли I960) якхела мебошад.
Қисмати 2 моддаи 7 КМ ҶТ ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳамчун асоси фарқиятгузорӣ дар соҳаи меҳнат, маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф намегарданд. Яке аз ҳолатҳои номбурда «талаботи хосаи навъи муайяни кор» мебошад. Навъи корҳое (ихтисосҳое) мавҷуданд, ки шартҳои дахлдори зарурии ба кор қабул кардани шаҳрвандонро талаб менамоянд. Касбҳое ҷой доранд, ки аз шаҳрванд доштани маълумоти зарурии касбӣ ва собиқаи кориро талаб менамоянд, ё ин, ки мансабҳое ҷой доранд, ки ишғоли онҳо аз вазъи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Масалан, аз рӯи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 9), ба хизмати давлатӣ танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 солагӣ расидаанд, қабул карда мешаванд. Чунин фарқиятгузорӣ маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф карда намешавад.
Ба сифати ҳолати дигар ҳамчун асоси фарқияти имконпазир, «ғамхории махсуси давлат» нисбат ба ашхосе, ки ниёзманди ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон) маҳсуб мегардад. Чунин талабот баҳри ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқхои гурӯҳи номбурдаи ашхос равона шудааст. Аз руи талаботи КМ ҶТ (моддаҳои 160,177) ноболиғон, занон ба корҳои шароиташон вазнин рох дода намешаванд.
Ҳолатҳои номбурда, яъне ба корҳои муайян роҳ надодани гурӯҳи ашхос ё ин, ки имтимёз нисбати ишғоли касбҳои муайян, ки ба хусусиятҳои хоси касбӣ асос ёфтаанд ва бо қонун ба танзим дароварда шудаанд, ҳамчун маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намегарданд. Ин ҳолатҳо тибқи талаботи Конвенсияи №111 низ маҳдудсозӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳисоб намеёбанд.
Тибки талаботи қисмати 4 моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ дар корҳои вазнин, зеризамини ва шароити меҳнаташон зарарнок истифода намудани меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст. Ин талаботи Конститутсияи ҶТ дар КМ ҶТ мушаххас шудааст.
Моддаи 160 КМ ҶТ кор фармудани занонро дар корҳои зеризаминй, дар корҳои шароиташон зарарнок, манъ менамояд. Айнан чунин талабот нисбати истифодаи меҳнати ашхоси аз хаждахсола хурд низ пешбинӣ шудааст (моддаи 177 КМ ҶТ). Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 34) муқаррар шудааст, ки дар мавриди бо хулосаи ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ тасдиқ шудани ҳолати (вазъи) саломатии маъюб, ки ба иҷрои вазифаи касбӣ монеъ мешавад ва ё ин, ки он ба саломатӣ ё амнияти (бехатарии) меҳнати дигар шахсон таҳдид мекунад, бо маъюбон дар бастани шартномаи меҳнатӣ, ба вазифаи баланд гузаронидани онҳо, давом додани меҳнат рад карда мешавад.
Мутобиқи талаботи моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ин рӯ, мазмуни қисмати сеюми моддаи 7 КМ ҶТ ба талаботи Конститутсияи ҶТ мувофиқ аст. Ашхоси дар муносибатҳои меҳнати тахти маҳдудкунй дучоргашта, ҳуқуқ, дорад бо аризаи даъвогй ба суд муроҷиат намоянд. Ҳангоми муроҷиат ба суд, аризадиханда ухдадор аст талаботхои мурофиавии гражданиро нисбати пешниходи даъво риоя намояд. Дар мавриди тасдиқ гаштани маҳдудсозии ҳуқуқхои меҳнатии аризадиханда, санади дахлдори суди қабул карда мешавад.
КМ ҶТ (моддаи 197) барои вайрон кардани қонунгузории меҳнати дар масъалаи аз кор озод кардан, аз ҷумла бо асоси маҳдудсозии ҳуқуқхои меҳнати, ба ғайр аз ҷуброни зарари моддӣ, инчунин ҷуброни зарари маънавиро пешбинӣ кардааст. Ҷуброни маънавй новобаста аз ҷуброни зарари моддӣ руёнида мешавад. Андозаи ҷуброни зарари маънавиро қонун муайян накардааст ва муайян кардани он дар ҳар як ҳолати мушаххас ба салохияти суд дода шудааст.
Ғайр аз ин, қонунгузории чиноятй (моддаи 143 Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дидаю дониста вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон вобаста ба чинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, муносибат ба дин ва монанди он ҷавобгарии чиноятиро муқаррар кардааст.
3) принсипи манъи меҳнати иҷборӣ; Манъ будани меҳнати иҷборӣ талаботи конститутсионӣ мебошад (қисмати сеюми моддаи 35 Конститутсияи ҶТ). Қисмати якуми моддаи 8 КМ ҶТ ин коидаро айнан такрор менамояд. Аммо моддаи зикргардидаи КМ ҶТ Мафҳуми меҳнати ичбориро надодааст. Ғайр аз ин, дар КМ ҶТ шаклхои меҳнати иҷборӣ низ номбар карда нашудаанд. Дар моддаи 1 Конвенсияи СБМ «Дар бораи барҳам додани меҳнати иҷборӣ» №105 (санаи қабул 25 июни соли 1957 ва санаи амал 17 январи соли 1959) шаклхои зухуроти меҳнати иҷборӣ номбар шудаанд. Мутобиқи коидаи муқаррарнамудаи Конвенсияи зикргардида, ҳар як давлати узви СБМ ухдадор аст меҳнати ичбориро барҳам дихад ва кушиши дар ягон шакл истифода намудани онро нанамояд, масалан, аз меҳнати маҷбурй ба сифати:
а) василаи таъсиррасонй ё тарбия, ё ба сифати чораи чазо барои доро будан ва ифода намудани ақидаи сиёсӣ ё эътикоди гоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ;
б) усули сафарбарй ва истифодаи кувваи кори баҳри рушди иқтисодиёт;
в) усули пуштибонй аз интизоми меҳнат ва тахкими он;
г) муҷозот барои иштирок дар корпартой;
д) чораи маҳдудкунй аз руи мансубияти нажодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, диннй истифода накунад.
Ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷои кор аз руи қобилияти худ озод мебошад. Дар ҳалли ин масъала набояд маҷбуркунй рох дода шавад. Шахс вобаста ба қобилияти худ дар бораи аз руи ихтисоси муайян ва дар ҷои муайян машгул шудан ба меҳнат бо корфармо озодона шартнома баста, шарту шароити онро муайян месозад. Инчунин, у бо хохиши худ озодона метавонад катъ намудани чунин шартномаи (қарордодй) меҳнатиро талаб намояд.
Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (қисмати сеюми моддаи 35) пешбинӣ намудааст, ки қонунгузор ҳуқуқ, дорад дар қонун кору меҳнатеро пешбинӣ намояд, ки маҷбурй эътироф карда намешаванд. Дар қисмати дуюми моддаи 8 КМ ҶТ ҳолатҳое номбар шудаанд, ки кору меҳнати маҷбурй намебошанд:
1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбй талаб карда мешавад;
2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавкулодда ҳангоми тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахси ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;
3) корҳое, ки дар натичаи эътибор пайдо намудани хукми суд талаб карда, тахти назорати ақидаи сиёсӣ ё эътикоди гоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ;
б) усули сафарбарй ва истифодаи кувваи кори баҳри рушди иқтисодиёт;
в) усули пуштибонй аз интизоми меҳнат ва тахдими он;
г) муҷозот барои иштирок дар корпартой;
д) чораи маҳдудкунй аз руи мансубияти нажодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, диннй8 истифода накунад.
Ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷои кор аз руи қобилияти худ озод мебошад. Дар ҳалли ин масъала набояд маҷбуркунй рох дода шавад. Шахс вобаста ба қобилияти худ дар бораи аз руи ихтисоси муайян ва дар ҷои муайян машгул шудан ба меҳнат бо корфармо озодона шартнома баста, шарту шароити онро муайян месозад. Инчунин, у бо хохиши худ озодона метавонад катъ намудани чунин шартномаи (қарордодй) меҳнатиро талаб намояд.
Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (қисмати сеюми моддаи 35) пешбинӣ намудааст, ки қонунгузор ҳуқуқ дорад дар қонун кору меҳнатеро пешбинӣ намояд, ки маҷбурй эътироф карда намешаванд. Дар қисмати дуюми моддаи 8 КМ ҶТ ҳолатҳое номбар шудаанд, ки кору меҳнати маҷбурй намебошанд:
1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбй талаб карда мешавад;
2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавкулодда ҳангоми тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсй ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;
3) корҳое, ки дар натичаи эътибор пайдо намудани хукми суд талаб карда, тахти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният иҷрои хукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.
Ҳолати якум бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории умумии ҳарбй ва хизмати ҳарбй» пешбинӣ шудааст. Тибқи Қонуни мазкур, хукуматхо барои гузаронидани чорабинихои вобаста ба иҷрои ухдадории умумии ҳарбй, духтурон - муттахассисон, хайати миёнаи тиббй, дигар мутахассисон ва кормандони техникиро чалб менамоянд. Яъне шахсони номбурда вазифаи худро берун аз шартномаи меҳнатӣ иҷро менамоянд. Ҳолати дуюм дар иртибот бо вазъияти фавқуллода, тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахс ва ё саломатии аҳолӣ муқаррар шудааст. Мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода», дар давраи вазъияти фавқуллода роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ кормандонро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст, гузаронанд. Ҳолати сеюм ба хукми суд ва салохияти макоми иҷрокунандаи хукм алоқаманд аст. Тибқи к. 1 моддаи 52 КМ ҶТ дар асоси хукми суд ба махкумшуда мумкин аст чазо дар намуди корҳои ислохи меҳнатӣ дар ҷои кори у ё дар ҷойхои аз ҷониби макоми иҷрокунандаи хукм муайянкарда, вале дар нохияи истикомати махкумшуда ба мухлати аз ду мох то ду сол таъин карда шавад. Ҳамзамон к. 4 моддаи мазкур таъини корҳои ислохиро барои ашхоси ба синни 16 сола нарасида ва занони хомиладор манъ менамояд. Дар ин маврид қонунгузор муқаррар кардааст, ки шахси адокунандаи чазоро ба ихтиёри шахси алоҳида ё ширкати хусусй гузоштан мумкин нест. Чунин талабот баҳри ҳимояи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатхои қонунии шахси ба корҳои ислохи меҳнатӣ махкумшуда равона шудааст.
4) принсипи химоя аз бекорӣ ва мусоидат ба шуғлмандӣ;
Принсипи мазкур аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ маншаъ гирифта, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», моддаҳои дахлдори КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими квотакунонии ҷойхои кори бахшида шудаанд, ифодаи худро меёбад.
5) принсипи таъмини ҳуқуқи ҳар як корманд ба шароитҳои одилонаи меҳнат;
Ин принсип, ки ба муқаррароти моддаи 7 Мушоҳидаи оид ба ҳуқуқхои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангй ва моддаи 35 Конститутсияи ҶТ асос ёф-тааст, дар бобхои 5 (Вакти кор), 6 (Вакти дамгирй), 7 (Музди меҳнат), 71 (Меъёрҳои меҳнат ва нархномахои корбайъ), 8 (Пардохтхои кафолатй ва ҷубронй), 11 (Ҳифзи меҳнат) КМ ҶТ мушаххас гашта, бо кафолатҳои зарурӣ таъмин шудааст.
6) принсипи баробарии ҳуқуқу имкониятхои кормандон;
Асоси принсипи мазкурро принсипи конститутсионии дар моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ муқарраршуда ташкил дода, он дар моддаи 7 (Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ), к-2 моддаи 102 (Кафолатй пардохти музди меҳнат) КМ ҶТ мушаххас ва сахехтар сабт шудааст.
7) принсипи таъмини ҳуқуқӣ кормандон ба пардохти айнивақтӣ ва одилонаи музди меҳнат;
Ин принсип аз моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ва моддаи 7 Мушоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқхои иқтисодӣ иҷтимоӣ на фархангй ибтидо гирифта, ифодаи мушаххаси худро, аз ҷумла дар моддаҳои 101 (Муқаррар намудани музди меҳнат), 102 (Кафолати музди мехмат), I021 (Кафолати давлатӣ ба пардохти музди меҳнат), 103 (Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва г.), 1042 ( Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон), 1045 (Тагйир додани шартҳои музди меҳнат), 108 (Мухлати додани музди меҳнат), 109 (Нигох доштани маблаг аз музди меҳнат) КМ ҶТ ёфтааст.
8) принсипи таъмини
имконоти баробар ба кормандон
Принсипи мазкур aз м.7 Мушоҳида оид ба Ҳуқуқхои иқтисоди, иҷтимои ва фарханги инчунин аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ маншаъ гирифта, дар моддаҳои дахлдори КМ ҶТ, масалан, м. 184 (Муҳайё кардани шароит ба пешбурди якчояи ко рва тахсил), моддаи 185 (Ташкили тахсили муттасили каобии корманд), моддаи 186, моддаи 187 (Имтиёзхо барои тадабагони маълумоти умумй), моддаи -188 (Имтиёзхо барои талабагони Омӯзишгоххои маълумоти умуми касби) ба таври возехтар ва мушаххастар сабт шудааст.
9) принсипи таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба мутахидшавй баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатхои хеш;
Тибқи муқаррароти моддаи 28 Конститутсияи ҶТ ва Конвенсияи (Созишномаи) СБМ №87 «Оид бн иттиходия ва ҳифзи ҳуқуқ ба ташкилот», шаҳрвандон дорои ҳуқуқ, ба муттаҳид гаштан, аз ҷумла ҳуқуқ ба созмон додани иттифоқҳои касаба баҳри ҳимояи манфиатхояшон мебошанд.
Тибқи муқаррароти КМ ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаю шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи иттифкхои касаба, ҳуқуқхо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», «Дар бораи иттиходияхои ҷамъиятӣ», «Дар бораи иттиходияхои корфармоён» аз ин ҳуқуқ аз ҷумла, кормандон ва корфармоён бархурдоранд. Онҳо ме-тавонанд баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатхои худ ва аъзоёнашон дар бахши меҳнат, шарикии иҷтимоӣ иттиходияхо созмон диханд ё ба онҳо шомил гарданд.
Кормандон ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти худфаъолиятӣ ва ҷамъиятии аз ҷониби маҷлиси умумии (конференсияи) коллективӣ меҳнатӣ созмон додашуда, корфармоён бошанд, ба иттиходияхои аз ҷониби онҳо созмон додашуда, муттаҳид мешаванд.

- Сарыарқа тауы
- Сары май сапасына қойылатын талаптар
- Сарымсақтың биологиялық және морфологиялық сипаттамасы
- Сасаки, Садако
- Сасанидская держава в 3-5 вв
- Сасун гавар
- Сатанизм как социальное явление
- Саркоплазматические белки
- Саркоцистоз свиней
- Саркоцистоз свиней
- Саркоцистоз свиней
- Сарқынды суларды тазарту әдістері
- Сарматизм как державная идеология Речи Посполитой и идеология правящего шляхетского сословья
- Сарматы и славяне