Шароити иқлиму хокии ноҳияи ба номи Ашт

Накшаи супориши кори курси аз имр 2 бароои курси 4

Мавзуъ: Истехсоли махсулот дар мисоли помидор  дар масохати 19 га дар нохияи Ашт . касали

 

Накшаи кори

Сарсухан

Шароити иқлиму хокии ноҳияи  ба номи Ашт

Хусусиятхои биологии помидор                                                  Хел ва навхои нохиябандшуда

Киштгардон 

Коркарди байникатори

Касалихои помидор

Чорахои мубориза

Касалихои вируси

Адабиетхои  истифодашуда

 

 

 

 

 

 

 

                                    Сарсухан

Ин кори курси  ба хотири шинос намудан бо як намуди сабзавоти тару тозаи хуштам ва шифобахш ки аз америкаи чануби  давлати Перу ки иклими гарму хушк дорад асос ефтааст. Помидор дар худуди хозираи Осиеи Миена аз кадим парвариш мешудаст, ки бозефтхои тухми помидор зимни хафриети Марв ба асрхои 15 мансубият доранд, ба даст омада гувохи онанд. Аз парвариши помидор дар Точикистон аввалин бор дар хисоботи М. Лопотт (с. 1912) маълумот оварда шудааст. Парвариши помидор дар чумхурии мо махсусан солхои 20 равнак ефтааст ва холо он яке аз сабзавоти асосист. Точикистон шароити хуб барои парвариши помидор дошта, дар шахру нохияхои Б. Гафуров, Спитамен, Ашт, Ч.Расулов, Исфара, Истаравшан, Хисор, Кургонтеппа, Кулоб васеъ парвариш карда мешавад.

Меваи помидор  вобаста ба навъ ва шароити парвариш 5-12% моддахои хушк, 2,7-7% канд, 0,2-1.1% чавхарисебу лиму, витаминхои С, А, В1, В2, ин чунин охану фосфор, сулфур, хлор, манган, мис, калий, калсий, магний ва гайра дорад. Помидорро дар тару тозаги истемол мекунанд, ба хурок хамрох мекунанд, аз он хар гуна хуришхо пюре, паста, шарбат тайер мекунанд.

Ба хурок  хамрох кардани помидор пайдоиши глаукомаро пешгири намуда, узвхои хозимаро кувват медихад, кори чигарро  бехтар мегардонад. Чихеле ки дар боло аз хусусиятхои помидор гуфтем помидор хеле ахмияти калон дорад ва мебояд парвариши ин намуди сабзавотро зиед кард.

Шароити иқлиму хокии ноҳияи  ба номи Ашт

Нохия Ашт дар  камари чанубу шаркии каторкухи Курама – аз Адрасмон то Камчик вокеъ мебошад. Ин нохия аз сатхи бахр 320м баланд чойгир мебошад. Масоахти умумияш 2790 километри квадрати буда, аз 73 хочагии дехкони ва зиед иборатбуда, хазорхо гектар заминхои оберишаванда дорад.

Ашт дар пахлуи он ки гандуми пурмагз мепарварид, мевахои шахдбори зардолуву себ, ангуру тут  ва  дигар зироатхои  кишоварзи ба монанди пахта ва аз чумла помидор парвариш карда мешаванд.

 Иқлими ин минтақа континенталӣ буда, табиати махсуси тобистони хушк ва дар мавсимҳои дигар боришоти нисбатан зиёд мебошад. Дараҷаи миёнаи ҳарорат дар моҳҳои июн ва июл ба 35…370 С-ро ташкил медиҳад. Дараҷаи миёнаи сардӣ дар моҳҳои зимистон бошад, ба - 12- 160 С баробар мебошад.

Дар ноҳия давраи хушки зиёд буда миқдори боришот  ба 150-300 мм дар як сол баробар мебошад. Қисми зиёди ин боришот дар фасли зимистон меборад. Бисёрии заминҳои киштшаванда обёри карда шуда, сарчашмаҳои асосии оби ноҳияро канали Фарғона, ва дигар сойҳои майда ташкил медиҳанд.

Ҳарорати миёнаи солона мувофиқи ҳисобҳои бисёрсола 14,10С-ро ташкил медиҳад. Моҳҳои хунуктарини сол ин январ (-2 0С), феврал                    ( 1,5 0С) ва декабр ( 1,5 0C) буда, моҳҳои гармтарин бошад, июн                 ( 26,6 0С), июл ( 29 0С) ва август ( 26,6 0С ) мебошад.

Ҳарорати баландтарини ҳаво 460 С буда, ҳарорати пастарини ҳаво бошад, ба - 270C баробор аст. Намнокии ҳаво 59% буда, ҳарорат дар моҳи июн-август то ба +43+470 мерасанд. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзи aз 15 0С зиёд аз моҳи апрел cap шуда ба моҳи октябр ба охир мерасад.  

Дар водиҳои  паст ва минтакаҳои наздикуҳӣ давраи гарми, нимаи аввали моҳи март сар  шуда, даҳрузаи дуюм ва сеюми моҳи ноябр  ба охир мерасад.

Миқдори рӯзҳои гарм дар давоми сол 215-220 рӯзро дар бар мегирад. Дар ноҳияи Ашт шамолҳое мавҷуданд, ки бештар аз самти шарқ, ғарб, шимол, шимолу ғарб ва шимолу шарқ мевазанд. Шамоли аз самти шарқ меварзида дар баъзе рузҳо хеле сахт мебошад.

Мувофиқи ҳисоботҳои бисёрсола миқдори рӯзҳо бо шамоли сахт, бо суръати бештар аз 15 м/с дар як сол то 34 рӯз мерасад.

Хосияти фарқкунандаи асосии ноҳия аз давомнокии зиёди  давраи хунукӣ (зимистони ҳақиқи) ва баланд будани ҳарорати хаво дар мавриди  ҳадди ақали нисбии он ба шумор меравад. Давраи хунуки аз 100 рӯз дар баландии 400 – 500 м ва то 140 рӯз дар баландии 2000 м давом мекунад. Зимистони ҳақиқи дар ин баландиҳо аз 50 ва 100 рӯз мутаносибан идома меёбад. Ҳарорати ҳадди -270С -290С – ро ташкил дода зимистон то баландии 900 – 1000 м хело ҳам муллоим, зиёда аз он мулоиму бо хунукии бо эҳтидол ва камбарф аст.

  Хок

Ҳудуди ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд ба минтақаҳои субтропикии шимоли Тоҷикистон дохил шуда, заминҳои корами он зиёда аз 180 ҳазор гектарро ташкил менамояд. Қисми зиёди ин заминҳо хоки хокистарранги санглох мебошад. Боқимондаи онҳоро заминҳои хокистарранги равшан  ва муқаррари ташкил медиҳад. 

Ҷиҳати хоси заминҳои санглох хеле паст будани ҳосилхезии табии онхо буда, дар  таркибашон гумус хеле кам 0,5-1,5% дорад. Чунин заминҳо дар таркиби худ ба миқдори маҳдуд фосфор ва калий доранд, ки барои ривоҷ додани боғдори хело мусоидат мекунад.

Бисёри заминҳои ноҳия санглох буда, он ба 24,5 ҳазор  га баробар мебошад. Ҳосилхезии ин заминҳо  хеле паст буда, (гумус 0,5-1,% нитрогени умуми то 0,12%, фосфори умуми TО 0,127%) дар натиҷаи иҷро накардани киштгардон (7:3; ва ё 7:2:1) ва ба замин ворид накардани поруи маҳалли, сатҳи ҳосилхези он сол аз сол кам шуда истодааст.

ХУСУСИЯТХОИ БИОЛОГИИ ПОМИДОР

Помидор зироати  гармидўст буда, тухмии он дар гармии 15 -180 С хок аз замин неш зада мебарояд, нихоли он дар гармии 24- 260 С рўзона ва 15 -180 шабона мўътадил месабзад. Дар харорати аз + 100 паст, нашъунамои нихоли помидор ва дар +150 гулкунии он ќатъ меѐбад. Дар сурати то 0-10 паст шудани харорат нихоли помидор нобуд мешавад. Ба нашъунамои нихоли помидор харорати баланди хаво хам таъсири бад мерасонад; хангоми баланд шудани харорат (35 - 400 ва аз он зиѐд) инкишофи нихолхо кашол ѐфта, баъд ќатъ мегардад ва гардхояш ќобилияти гарддоркуниро гум мекунад. Барои нашъунамои хуб ва гирифтани хосили баланду босифати помидор харорати мўътадили 25 - 300 С зарур мебошад.

Хел ва навхои нохиябандшуда

Пеш аз оне ки ягон чиро шинонем, бояд донем ки кадом  навъи зироати интихоб кардаамонро  мешинонем. Зеро агар барвакт хосил гирифтан хохем, бояд навъи тухмихои барвактиро интихоб намоем.

Дар Точикистон барои парвариш дар замини кушод навъхои помидори «Сурхи Файзободи», «Первенец 190», «Утро», «Подарок», «Восток-36», «Факел», «Бируница», «Ракета», «Новинка Приднестровья», «волгоградский 5/95», «Дварфстрон», «Глория», «Плавневий А-80» ва барои парваридан дар гармхонахо  «Майдан урожайний 2090», «Уральский многоплодний», истифода мешавад.

Навъи «Файзободи сурх » Навъи дерпаз буда, аз неш  зада баромадани то пухта расидани хосили он 120 – 125 рўзро дар бар мегирад.

Нихолаш сершоху  сербарг мебошад; ќади пояи

асосиаш 120- 150 см аст. Баргаш сабзи хокистаранги

муќарари. Мевааш гирду пахншакл, рангаш сурх,

сатхаш андак  пастию баланди дорад. Мевааш 6,24%-

моддаи хушк, 4,13 % ќанд,0,39% кислота ва

29,61мг/фоиз витамини  С дорад. Хосилнокиаш аз хар

сотих 480-550килограммро  ташкил медихад.

Навъи “Волгогради 5-95”. Ин навъ миѐна- дерпаз буда, давраи аз

баромадани  нихолхо то пўхта расидани хосили он

110-120 рўзро дар  бар мегирад. Ин навъи помидор

серхосил мебошад, дар ваќти нигохубини хуби он то

400-500 кг аз 1 сотих  ва аз он хам зиѐд хосил медихад.

Он ба шароити  гарми хело тобовар мебошад.

Навъи «Новичок». Давомнокии нашъунамои нихолхо, то пўхта  расидани ин навъ 105 –115 рўзро ташкил медихад. Буттааш

детерминантии миѐнаи шохдор, миѐнабарг,

баландиаш 60–80 см мебошад. Гулхои аввалинаш

баъди 6–7 барга  гаштани нихолхо пайдо мегарданд.

Мевааш дарозрўяки нафис, вазни миѐнаи он 80-85

гр. аст. Рангаш сурх, якбора мепазад, ба кафидан

тобовар буда, мазааш хуб аст. Хосилнокиаш аз 450

то 550 кг аз 1 сотих  ва аз ин хам зиѐд шуда

метавонад.

Навъи «Финиш». Навъи дерпазаки миѐна буда, аз неш зада баромадани

тухми то пўхта расидани хосил 110- 120 рўз мегузарад.

Дар ваќти шинондани  нихолхо дар майдони кушод то

пўхтани хосил 75 –85 рўз лозим аст. Мевааш лундашакл

буда, рангаш сурх, пўсташ ѓафс аст. Вазни миѐнаи

мевааш 80-100 грамм  мебошад. Мевааш якбора мепазад.

Ба гарми тобовар буда, хосилнокиаш аз 400 -500 кг аз

як сотих  ва аз ин хам зиѐд буда метавонад.

Навъи «Дар –  Заволжье». Навъи миѐнапазак буда, пас аз неш зада

баромадани  нихолхо баъди 100 - 105 рўз мевааш

мепазад. Буттааш  детерминанти, навдарониаш миѐна,

миѐнабарг, баландиаш 50 - 70 см аст. Гулхои аввалинаш

баъди 6–7 барга  гаштани нихол пайдо мешаванд.

Мевааш гирдшакли хамвор, рангаш сурхи норинчи,

якбора мепазад. Вазни мевааш 75 - 105 гр. аст.

Хосилнокиаш  аз 500 то 900 килограмм аз як сотих

мебошад. Ин навъ барои тайѐр намудани консерва

ќуллай аст  ва инчунин барои тару тоза истеъмол намудан васеъ истифода бурда мешавад.

Навъи «Восток -36» Навъи миѐнапази помидор буда, дар тамоми минтаќахои чумхури бидуни Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон

барои парвариш ва кишт тавсия карда мешавад, самти

истифодабари барои тайѐр намудани хуриш. Муддати

нашуънамояш аз рўзи неш зада баромадан то пурра

пўхта расидани хосилаш ба 110 рўз баробар мебошад.

Бутташ одии пурќувват буда, хачми миѐнаро дорад,

баргафшониаш  бенихоят хуб мебошад, дарозии бутташ

ба 60 - 65 см рафта  мерасад, ранги баргхояш сабз буда,

хачми миѐнаро доранд. Вазни миѐнаи мевааш ба 101-118

грамм баробар  мебошад. Хосилнокиаш 432 – 713 кг/сотихро ташкил менамояд.

Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 5,7 – 6,4%,ќанд – 2,8 -3,0 %, витамини С -16,6 -

19,8 мг/%, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 4,8 -5,4%, каротин – 12,36 – 19,15

мг/%, умуман маъзаи туршиаш – 0,44 -0,47%. Маззаю таъмаш ба 4,0 - 5,0 балл

баробар мебошад.

Навъи «Новинка Приднестровья» - Навъи миѐнапаз буда, дар худуди

чумхури аз соли 1972 барои парвариш чори карда шудааст,

дар ќаламрави чумхури, дар Вилояти Хатлон дар минтаќахои

Ќурѓонтеппа ва Кўлоб, нохияхои тобеъи чумхури ва

минтаќаи Хисор барои парвариш ва кишт тавсия карда

мешавад, самти  истифодабари барои тайѐр намудани

консерва. Муддати  нашвиаш аз рўзи неш зада баромадан  то

пурра пухта расидани хосили якумаш 133 рўзро дарбар

мегирад. Мевааш бенихоят зебо буда, шаклаш силиндри аст,

рангаш сурх, хамвор, гуштдор мебошад, вазни миѐнааш ба 48

грамм баробар  мебошад. Мазаю тамъаш дар холати тару

тоза буданаш  ба 4,0 - 4,2 балл баробар карда шудааст.

Хосилнокии сифати молиаш ба 470 – 762 с/га рафта мерасад.

Навъ ба тамоми касалихо тобовар буда, барои интиќол додан аз як чо ба чои дигар устувор мебошад. Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 5,9 – 6,5%, ќанд – 2,7 -3,1 %, витамини С - 9,7 -11,7 мг/%, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 3,8 -5,1%, каротин – 0,45 – 1,20 мг/%, умуман маъзаи туршиаш – 0,32 -0,37%. 6

Навъи «Факел» - Навъи миѐнапази буда, дар худуди чумхури аз соли 1979

парвариш карда  мешавад. Парвариши он дар

тамоми минтаќахои чумхури, бидуни Вилояти

Мухтори Кўхистони Бадахшон, нохияхои тобеъи

чумхури ва гурўхи нохияхои Рашт барои парвариш

тавсия карда мешавад. Самти истифодабари барои

тайѐр намудани консерва. Муддати нашвиаш аз

рўзи неш зада баромадан  то пурра пухта расидани

хосилаш ба 97 – 120 рўз баробар мебошад. Бутташ

одии пурќувват буда, хачми миѐнаро дорад,

баргафшониаш на он ќадар  хуб мебошад. Дар як буттаи ин навъ аз 5 то 8 мева ба самар мерасад. Баландии бутташ 34 - 56 см баробар буда, диаметраш бошад 30 – 40 см –ро ташкил медихад. Баргхояш ранги сабзу намуди одди дорад, хачмаш миѐна аст. Мевахояш шакли гирдро доранд, рангашон сурхи хамвор мебошанд. Вазни миѐнаи мевааш ба 54 -100 грамм баробар мебошад. Хосилнокии сифати молиаш ба 467 – 735 кг / сотихро ташкил менамояд. Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 6,1 – 6,2%, ќанд умуми– 2,8 – 3,0 %, витамини С -19,7 – 20,8 мг/ %, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 4,8 – 5,1%, каротин – 10,44 – 15,51 мг/%, туршиаш – 0,48 - 0,50%.

Ба касалию  зараррасонхо тобовар мебошад.__

КИШТГАРДОН

Дар киштгардон помидорро на бояд баъд аз кишти зироатхои оилаи ангури сагак (картошка, тамоку ва боимљон, ќаламфури тез ва ширин) шинонд, зеро онхо касали ва заррасонхои муштарак доранд. Барои аз онхо эмин доштани помидор ба ин гуна заминхо танхо баъд аз се сол бояд помидор шинонид. Дар киштгардон зироатхои пешкишти хуби помидор ин ѓаладонагихо, карам, сабзи, пиѐз, сирпиѐз, бодиринг ва зироатхои полези ба монанди тарбуз, харбуза, каду мебошанд, ки баъд аз ин зироатхо кишт намудан помидор хосили хуб медихад.

Технологияи парвариш

               Корхои зимистона ва авали бахори

Ба хар гектари  замини барои кишти помидор пешбини  шуда 35-40 тонна поруи пусида , 45-60 кг фосфор ва 30-40 кг калий андохта, дар чукурии 28-30 см шудгор мекунанд, яхоб мемонанд. Бахорон шудгори тирамохиро нарм, сихмола ва хамвор намуда, дар чукурии 18-20 чуяк мекашанд.

Кишт

Дар шароити  Точикистон помидорро аз кучат е  тухм мепарваранд. Кучатро дар гармхона, парвардахонае зери пленкаи полиетилени месабзонанд. Хангоми дар парвардахона сабзонидани кучат, пеш аз кишти тухми баргу пояи зироати соли гузаштаро бароварда, пору(50-60 см) мепошанд (омехтаи хокро аз 2 хисса пусидахок, 2 хиса регхок ва 1 хисса рег тайер карда, аз галбери чашмакхояш 25-30 мм мегузаронанд). Тухмиро пас аз 3-4 рузи андохтани хок (харор. он ба 20-22 с мерасад)коштан лозим. Тухмиро пеш аз кишт ба намакоби 5-фоиза меандозанд ва тухмихои руи об баромадаро гирифта мепартоянд. Тухми зери об шударо шуста мехушконанд ва барои пешгири кардан аз касали саратони бактерияви хар кг онро бо 3-4 гр ТМТД захролуд мекунанд.

Озука ва обдихи

Одатан тавсия дода мешавад, ки гизодихии помидорро баъди хар ду хафта дода шавад, якум 10г азот, 10г фосфор ва 20г калий ба 10л об хамрох намуда ба хар нихоли помидор 0,5л дода баъд вояашро (дозаашро) зиед карда 10г магний хамрох карда 0,5л дода мешавад.

Тачриба нишон  медихад ки агар гизодихиро бо обдихи як кунем, яъне обро бо гизои минерали дихем. Бояд 2 кошук азофоскаро бо 1 кошук суперфосфати дучанда ва 0,5 кошук сулфати калий, 2 кошук «Унифлор микро» ба як сатил омехта намуда ба хар сари растани 0,5л дода мешавад.

Боз хуб мешуд  агар обери катрагиро бо ерии кубурхои махсус е бо зарфи плиэтилени 2л ба хар ду тарафи нихоли помидор шинонда сарпуши зарфро бо мехи гарм кардашуда 10 -12 сурох кардан лозим ва кисми зарфро ба хок гутонидан лозим барои моеъ тез фаромада наравад, балки охиста – охиста аз зарф берун шавад вазиваи мо зарфро бо моеъи минерали таъмин намудан аст.

КОРКАРДИ БАЙНИКАТОРИ

Агротехникаи  парвариши помидор асосан аз киштгардон, шудгори босифати замин, сари вакт парвариш ва шинондани нихолхо, нигохубини растанихо, коркарди байни ќаторхои он, нест кардани алафхои бегона ва мубориза бар зидди хашаротхои зараррасон ва касалихо, обѐрии сариваќти, ѓунучини хосил, ба фурўш баровардани он ва ѓайрахо мебошад.

Нихоли помидоро аз рўи наќшаи ( схемаи) 70 х 30 см ѐ 60 х 30 см, аз рўи ѓунчоиши 47- 55 њазор нихол дар як гектар замин, ѐ ки 120 х 60 х 30 см (дуќатора) мешинонанд.

Коркарди якуми  байни ќаторхои помидорро баъди 10-12 рўзи шинондани нихолхо гузаронидан лозим аст. Байни ќаторхо ва бехи нихолхоро дар чуќурии 8-10см ба воситаи каланд нарм намуда, хокро ба бехи нихолхо кашидан зарур мебошад.

Баъди 2-3 њафта  коркарди дуюмро дар чуќурии 12-16 см гузаронидан лозим мешавад. Коркарди сеюмро дар ваќти хосилбандии нихолхо гузаронидан, хокро ба назди буттаи он кашидан иборат аст. Дар давраи саршавии хосилбандии нихолхо, помидорро ба пушта гузаронида, об додан ва минбаъд гузаронидани коркарди байни ќаторхо маќсаднок мебошад. Ба киштзори помидор 2-4 маротиба ѓизодихиро аз нурихои нитрогени ва фосфордору калийдор ташкил намудан лозим аст. Ѓизодихии аввалро дар ваќти 10-12 рўз гузаштан аз рўзи шинонидани нихолхо, ба миќдори 1-1,5 кг/сотих нурихои азоти (селитра, карбамид ва суперфосфат ѐ ин ки аммофос) андохтан мумкин аст. Дар ваќти пайдо шудани гулкуни- пайдошавии мевахои помидор, ѓизодихии дуюмро аз хисоби 1-1,5 килограмми селитра ва аммофосу калий дар як сотихи замин ва инчунин дар ваќти пўхта расидани хосили помидор бо сарфи 1-1,5 кг селитраи нитрогени ва аммофос дар 1 сотих замин ва охирин баъди ѓунучини 4-5-уми хосил, низ ба хамин меъѐр додан тавсия карда мешавад.

Помидор ба намнокии замин эхтиѐчи калон дорад. Обмонии нихолхои помидорро бояд аз ваќти шинондани нихолхо сар карда, оби якўми онро додан зарур.  Дар 1 грамм аз 250 то 300 дона тухмии помидор вобаста ба навъи он мавчуд мебошад. Дар 1 метри квадрати= 8-10 грамм, яъне 2500 – 3000 дона тухми кишт карда мешавад. 12 аст, то ин ки нихолхо ба замин часпида амал кунанд. Помидорро дар давоми нашъунамояш вобаста ба шароити хоку иќлим на камтар 12-18 маротиба об додан зарур аст.

Дар ваќти пўхта  расидани хосил помидор баъди њар 3- 4 рўз дар фасли тобистон чидан лозим аст. Дар хунукихои тирамоњ суръати пухтани он суст мешавад, барои хамин чидани онро баъди хар 7-10 рўз бояд гузаронид.

КАСАЛИХОИ ПОМИДОР

Дар давраи наъшунамои худ помидор ба касалихои гуногуни касалихои замбуруѓи, ба монанди фитофториоз, макроспориоз, бурая пятнистост, вилт ва дигархо; касалихои вируси ба монанди столбур, мазайка, ќарасон (стрик) ва дигархо дучор шуда, боиси кам ва нест шудани хосили он мегардад. Фитофтороз (пўсиши сиѐх). Ин касалии занбурўѓи буда, ба мева, барг ва танаи нихолхо осеби сахт мерасонад. Ин намуди касали дар боришот ва паст фаромадани харорати хаво, инчунин зиѐд шудани нами, бисѐртар мешавад ва намнокии зиѐд шароити мусоидест, барои пайдошавии ин касали. Аввал дар ќисми поѐнии баргхо доѓхои хурди сафедтоб пайдо мешавад. Баъд ин доѓхо сафед гашта, ранги сафедчатобро ба худ ба пурраги мегиранд. Хангоми хуручи ин касали нихоли помидор хушк ва нобуд мешавад. Дар танаи нихол, доѓхои сиѐхча пайдо шуда, баъд мулоим гашта, мепўсад.

Барои нест кардани  ин касали чунин чорахоро гузаронидан лозим аст:

ü Бо рох мондани системаи киштгардон;

ü Нест ва нобуд кардани танаю пояи растанихо аз замин;

Нест ва нобуткардани танаю пояи сироят дида  усули  механикиро истифода мебарем, к ибо  даст мечинем. Барои ин мо агар ба 1га замин  1 соат вакт сарф кунем ба 19 га 19 соат вакт сарф мешавад, аз ин чо агар коргари кироя истифода барем, аз руи дар як соат 5 сомон музди мехнат дихем ба коргари кироя то ба 19 га  19х5=95 сомони мешавад.

ü Безарар кардани тухми пеш аз кишт (истифодаи Маргансовка КМnО4 -1%, ТМТД- 6-8 грамм дар 1кг тухми);

Безараркуни бо перманганати калий як фоиза,

1000дона тухми помидор ин 25гр мебошад ва ба як гектар 111000 дона е 2,775кг сарф мешавад, ки ба 19 га – 52,725кг мебошад. Ба як кг тухми помидор 1л махлули перманганати калий буда, ба 19 га ки 52,725кг тухми сарф мешавад, 52,725л махлули перманганати калий лозим аст. 1л махлули перманганати калий – 10 сомон

52,725л махлули  перманганати калий – 527,25 сомони.

Безараркуни дорухимикати ТМТД :

Ба 1га – 8 гр ТМТД

Ба 19га – 421,8гр ТМТД

100гр ТМТД  – 20 сомони

421,8гр ТМТД  – 84,36 сомони

ü Истидафодабурдани Фунгитсиди Ридомил- Голд МЦ-60, бо махлули 0,2% -а (20 гр, дар 10л об барои як сотих).

Ба 1га – 2кг Редомин  Голд

Ба 19га – 38кг Редомин  Голд

Аз инчо:

1кг Редомин  Голд – 150 сомони

38кг Редомин  Голд – 5700 сомони маблаг сарф  мешавад.

Дигар ин усули  халки мубориза барзидди фитофтороз захрдоруи одди аз сирпиез ва пермангати калий мебошад ва яке аз роххои камхарч ва бехтарин мебошад.

Ба 10л об 1,5гр пермангати калий ва 200гр сирпиез  лозим аст.

Ба 1га – 1000л  махлул

Ба 19га – 19000л  махлул

Аз инчо:

1000л махлул  – 215 сомон

19000л махлул – 4085 сомон сарф мешавад.

Сияхпоя. ( Черная ножка). Ин касали асосан нихолхои чавонро нобуд месозад. Беху пояи растани тунук шуда, мепўсад. Ин касалии занбуруѓи асосан дар хок ва боќимондахои растанихо, ба воситаи тухми пахн мегардад. Барои нест кардани ин касали чунин чорахоро гузаронидан зарур аст;

Ба рох мондани системаи киштгардон;

Нест ва нобуд  кардани танаю пояи растанихо аз замин;

Безарар кардани  тухми пеш аз кишт (истифодаи Маргансовка КМnО4 -1%), ТМТД- 6-8 грамм дар 1кг тухми);

Безараркуни бо перманганати калий як фоиза,

1000дона тухми  помидор ин 25гр мебошад ва ба  як гектар 111000 дона е 2,775кг сарф  мешавад, ки ба 19 га – 52,725кг  мебошад. Ба як кг тухми помидор  1л махлули перманганати калий  буда, ба 19 га ки 52,725кг тухми сарф  мешавад, 52,725л махлули перманганати калий лозим аст. 1л махлули перманганати калий – 10 сомон

52,725л махлули  перманганати калий – 527,25 сомони.

Безараркуни дорухимикати ТМТД :

Ба 1га – 8 гр ТМТД

Ба 19га – 421,8гр ТМТД

100гр ТМТД  – 20 сомони

421,8гр ТМТД  – 84,36 сомони

Истидафодаи Фунгициди  Ридомил - Голд МЦ-60, бо махлули 0,2% (20 гр, дар 10л об барои як сотих);

Ба 1га – 2кг Редомин  Голд

Ба 19га – 38кг Редомин  Голд

Аз инчо:

1кг Редомин  Голд – 150 сомони

38кг Редомин  Голд – 5700 сомони маблаг сарф  мешавад.

Дигар ин усули халки мубориза барзидди фитофтороз захрдоруи одди аз сирпиез ва пермангати калий мебошад ва яке аз роххои камхарч ва бехтарин мебошад.

Ба 10л об 1,5гр пермангати калий ва 200гр сирпиез  лозим аст.

Ба 1га – 1000л  махлул

Ба 19га – 19000л  махлул

Аз инчо:

1000л махлул  – 215 сомон

19000л махлул  – 4085 сомон сарф мешавад. 

Пажмурдашавии фузариози (вилт). Ин касалии занбуруѓи ангезандааш фузариум мебошад. Ин занбурўѓ асосан дар хок зиндаги карда, аз хок он ба воситаи реша ба рагхои растани дохил мегардад. Дар ин маврид реша ва рагхои ѓизогузар махкам шуда рохи дохил шави моддахои ѓизоиро аз реша ба растани манъ мекунад ва боиси хушку нобуд шудани растании помидор мегардад. Барои нест кардани ин касали гузаронидани чунин чорахо тавсия карда мешавад:

Ба рох мондани системаи киштгардон;

Нест ва нобуд  кардани танаю пояи растанихо аз замин;

Безарар кардани  тухми пеш аз кишт (истифодаи Маргансовка КМnО4 -1%, ТМТД- 6-8 грамм дар 1кг тухми);

Истидафодабарии Фунгициди Ридомил-Голд МЦ-60 , бо махлули 0,2% (20 гр, дар 10л об барои як сотих).

Безараркуни бо перманганати калий як фоиза,

1000дона тухми  помидор ин 25гр мебошад ва ба  як гектар 111000 дона е 2,775кг сарф  мешавад, ки ба 19 га – 52,725кг мебошад. Ба як кг тухми помидор 1л махлули перманганати калий буда, ба 19 га ки 52,725кг тухми сарф мешавад, 52,725л махлули перманганати калий лозим аст. 1л махлули перманганати калий – 10 сомон

52,725л махлули  перманганати калий – 527,25 сомони.

Безараркуни дорухимикати ТМТД :

Ба 1га – 8 гр ТМТД

Ба 19га – 421,8гр ТМТД

100гр ТМТД  – 20 сомони

421,8гр ТМТД  – 84,36 сомони

 

Касалии пўсиши нўги (болои меваи помидор. Ин намуди касали ќариб, ки дар хама мавзеи кишти помидор ба назар мерасад. Нишонаи пайдоиши ин касали дар нуги (болои) меваи помидор пайдоиши доѓи чигари, ин боиси аввал сахт шудан ва баъдан мулоим шудану, доѓхо бо парда пушонда шудан мебошад. Касалии пўсиши нуги помидор дар сурати тез таѓйир ѐфтани намии хаво ва замин, инчунин дар сурати аз меъѐр зиѐд додани нурихои нитрогени авч мегирад.

Чорахои мубориза:

Киштгардон, бояд помидор дар як замин баъди 3 соли парвариши аввала шинонда шавад;

Нест ва нобуд  кардани боќимондаи растанихо аз замин;

Безарар кардани тухми пеш аз кишт (истифодаи Маргансовка КМnО4 -1%, ТМТД- 6-8 грамм дар 1кг тухми);

Истидафода бурдани Фунгициди  Ридомил-Голд МЦ-60, бо махлули 0,2% -а (20 гр, дар 10л об барои як сотих).

Ба 1га – 2кг Редомин  Голд

Ба 19га – 38кг Редомин Голд

Аз инчо:

1кг Редомин Голд –  150 сомони

38кг Редомин Голд – 5700 сомони маблаг сарф мешавад.

Дигар ин усули халки мубориза барзидди фитофтороз захрдоруи одди аз сирпиез ва пермангати калий мебошад  ва яке аз роххои камхарч ва бехтарин мебошад.

Ба 10л об 1,5гр пермангати калий ва 200гр сирпиез лозим аст.

Ба 1га – 1000л махлул

Ба 19га – 19000л махлул

Аз инчо:

1000л махлул – 215 сомон

19000л махлул – 4085 сомон  сарф мешавад. 

 

Касалихои физиологи. Нишонахои касалихои физиологии помидор ба нишонахои касалихои ангезандаашон вирус, занбурўѓива бактерияви, хеле монанданд. Фарќ кардани нишонахо чи ба дехќонон, чи ба мутахассисон хеле душвор аст. Сабаби пайдоиши касалихои физиологи ин ба растанихо нарасиданинитроген, фосфор, калий, моддахои маъдани, микроэлементхо ва об мебошад. Хангоми норасоии моддахои ѓизои растани аз сабзиш боз монда, самархо шаклашонро гум мекунанд ва хосилнокии растанихо кам мешавад. Касалихои физиологи бештар дар шароитхои нодурусти инкишоф пайдо мешаванд.

 

Адабиетхои истифодашуда:

Энсиклопедияи хочагии кишлок

Системаи иттилооти

«Полная энциклопедия умного садовода и огородника»

Муаллифаш Галина Кизима 2008


Шароити иқлиму хокии ноҳияи ба номи Ашт